Рустам Ҳукумов, писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов, ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи рӯзномаи мазкур хабар доданд, рӯзи 29-уми январ ба онҳо огоҳиномаи ҳозир шудан ба суд ва нусхаи аризаи даъвогии Р.Ҳукумов расидааст.

«Дар аризаи даъвогӣ Р.Ҳукумов аз суд дархост намудааст, ки ариза пушти дарҳои пӯшида баррасӣ шуда, аз идораи рӯзнома ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнида шавад», - гуфтанд дар идораи рӯзнома.

Ба иттилои манбаъ, нашри мавод дар рӯзнома таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд» аз 16-уми октябри соли гузашта ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ боис гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 Рустам Ҳукумов дар Русия ба иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи декабри соли 2011 аз рӯи ҳамин парванда бегуноҳ эътироф шуд.

Он замон аксари коршиносон этирофи бегуноҳии Р.Ҳукумовро ба озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко рабт доданд, ки соли 2011 аз ҷониби суди Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, сипас бо қарори зинаи таҷдиди назари судӣ  муҳлати ҷазояшон то 2 солу 6 моҳ кам ва аз толори суд озод карда шуда буданд.