Раиси Ҳизби наҳзати ислромии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бояд тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдории пойтахт узр бипурсад. Дар ҷаласаи рӯзи 29-уми январ оид ба ин қазия суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт чунин ҳукм содир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари раиси ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров иттилоъ дод, ҳамчунин суд даъвои муқобили даъвои сиёсатмадор нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомониро низ рад кардааст.

«Барои аксарият қарори суд ғайричашмдошт буда, мо аз болои он ба зинаҳои болоии судӣ шикоят хоҳем бурд», - зикр кард Ёров.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта зимни вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хуҷанд раиси ҲНИТ дар робита ба баҳси додгоҳӣ бо мақомоти шаҳрдории пойтахт изҳор намуда буд, ки ӯ ба созиш омода аст.

Адвокати раиси ҲНИТ Бузаргмеҳр Ёров гуфта буд, мақомоти шаҳрдорӣ пешниҳоди созишро қабул накарда, дар натиҷа М.Кабирӣ маҷбур шуд даъвои ҷавобӣ пеш оварда, 20 млн. сомонӣ товони зарари маънавӣ талаб кунад.

Нимаи дуюми моҳи ноябр мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба интиқоди ӯ аз буридани дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард.