Соли дуввум аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ бо рақамҳои 221-21-21 амал мекунад, ки он дар байни аҳолӣ сазовори бовариву эътимод гардида, шаҳрвандон оиди мушкилоташон, ки аксаран дар маҳалҳо ҳалли худро намеёбад, тавассути он муроҷиат менамоянд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар моҳи аввали соли равон низ беш аз 46 арзу шикоят ва дархости мардум ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Чун ҳамешагӣ арзу шикояти шаҳрвандон гуногун буда, оиди содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ буданд ва онҳо дар рафъи як қатор камбудиву норасогиҳо, ошкори ҷинояту қоидавайронкуниҳо мусоидат намуданд.

Аз ҷумла, шаҳрванд Баҳодур Қурбонхолов сокини кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки ӯро шахси номаълум мавриди латукуб қарор дода, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Ин ҷиноят аз тарафи кормандони фаврии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт саривақт ошкор карда шуда, барои содир намудани ҷинояти мазкур сокини пойтахт, шаҳрванд Тоҳир Юнусови 25-сола дастгир карда шудааст. Нисбати ин шахс маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, дар Шӯъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин шаҳрванд Парвиз Шарифов нисбати муносибати дағалонаи сардори бахши бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон майори милитсия Баҳодур Ҷононов ба телефонӣ боварӣ занг задаааст, ки он низ саривақт мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Дар рафти санҷиш муайян гардидааст, ки дар ҳақиқат майори милитсия Баҳодур Ҷононов муносибати ғайринизомӣ намуда, шаҳрванд Шарифов Парвизро дар асоси қисми 1 моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи ду нишондод ҷарима намудааст.

Аз ин рӯ майори милитсия Ҷононов Баҳодур барои дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаи хизматӣ ва муносибати ғайриоинномавиаш ба ҷазои интизомӣ ҷалб карда шуд.