Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳангоми порагирӣ боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, кормандони раёсати сардори шуъбаи 4-уми комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара А.И.-ро боздошт намудаанд.

«Муайян карда шудааст, ки ӯ барои тайёр кардани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии қалбакӣ аз сокини маҳаллӣ ба миқдори 600 доллари ИМА пора талаб карда, зимни гирифтани пора бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», - гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 247, қ. 3-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати мазкур, соли 2012 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 128 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2011 – 108 далел) ба қайд гирифта шудааст.