Роҳбари Иттифоқи автомобилистони шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон назди суд ҷавоб мегӯяд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари Иттифоқи автомобилистони шаҳри Сарбанд Шамсулло Аминов ва корманди зертобеъи ӯ Азим Ҷавгаров ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳри Сарбанд ирсол шудааст.

Ба қавли сармуфаттиш, ҳарду дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 295, қ. 1 (Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) ва 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешаванд.

Сармуфаттиш мегӯяд, соли 2012 Аминов ва Ҷавгаров дар бораи хатми курсҳои ронандагии дараҷаи «В» шаҳодатномаҳои қалбакӣ омода сохта, онро ба шӯъбаи сабти БДА-и вилояти Хатлон фиристодаанд.

«Ҳамчунин як қатор далелҳои додани шаҳодатномахои қалбакӣ дар бораи хатми мактаби ронандагӣ низ ошкор шуд, ки он ҳуҷҷати ҳуқуқӣ буда, супоридани имтиҳон аз рӯи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба БДА-ро дорад», - афзуд номбурда.