Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ фаъолияти як гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадирро қатъ намуданд, ки муддати зиёде ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия тавассути қаламрави Тоҷикистон машғул будаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар ҷараёни як амалиёт роҳбарони эҳтимолии ин гурӯҳ – ду нафар шаҳрвандони Афғонистон бо делели шайъӣ боздошт шудаанд, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе ба сар мебурдаанд.

«Зимни боздошт аз онҳо панҷ бастаи дорои 5 кило маводи мухаддири героини сифати баланд, ки эҳтимол дар яке аз озмоишгоҳҳои мухаддироти минтақаи шимоли Афғонистон истеҳсол шудааст, дарёфт ва мусодира гардид», - гуфтанд дар Агентӣ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати боздошти афроди дигари ба ин гурӯҳи ҷиноятпеша муносибатдошта чораҳо андешида мешаванд.