Сокинони шаҳри Хоруғ Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов дар қатли генерал Абдулло Назаров гунаҳкор эътироф гардида, мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум шуданд.

Ба андешаи Файзи Олӣ, ҳимоятгари маҳкумшудагон, ҳукм нисбати Айёмбеков «комилан қобили қабул» буда, худи ӯ низ бо ҳукм розӣ аст, вале агар аз болои он шикоят оварданӣ шавад, аз ҳуқуқии қонунии ӯ ҳимоя хоҳанд кард.

«Аммо аз болои ҳукм нисбати Муродов ба зинаи таҷдиди назар шикоят хоҳем бурд, зеро ӯ бевосита дар қатли генерал иштирок надошт ва танҳо амали содир шудани ҷиноятро пинҳон дошт, ки ба он набояд тибқи тамоми моддаҳои дар айбнома пешниҳодшуда – 104 (Одамкушӣ), 199 (Дуздии аслиҳа) ва 328 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) баҳо дода мешуд, балки ин амали вай бояд мувофиқи моддаи 347 (Огоҳ накардан ё пинҳон намудани содир шудани ҷиноят) баррасӣ мешуд ва мо инро аз суд дархост карда будем», - таъкид кард ҳимоятгар.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи навбатии рӯзи 26-уми феврал оид ба ин парванда айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд , ки ба гумонбари асосӣ Оқил Айёмбеков 17,5 сол ва ба судшавандаи дигар Ҳамза Муродов 16,5 соли зиндон ва ба ҳарду адои ҷазо дар маҳбасхонаи низомаш шадидро таъин намояд.

Санаи 19-уми феврал дар бинои тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳии гумонбарон ба қатли генерал Абдулло Назаров оғоз гардид. Ба даст доштан дар куштори генерал ду тан аз сокинони Хоруғ – Оқил Айёмбеков, бародари яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва ҳамсояву дӯсти ӯ аз маҳаллаи «Хлебзавод» Ҳамза Муродов гумонбар дониста шуда буданд.

Лозим ба ёдоварист, ки генерал Назаров шоми 21-уми июли соли гузашта зимни бозгашт аз Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, кушта шуд. Автомашинаи ӯ аз ҷониби афроди номаълум боздошт шуда буд. Онҳо генералро аз автомашина берун ва бо корд якчанд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

То соли 2010 Абдулло Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, қаблан ба сифати сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд фаъолият дошт.