Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон аз ҳукуматдорони Украина дархост намудааст, ки ҳимояи собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки мақоми гурезаро соҳиб аст, таъмин карда шавад.

Бино ба иттилои хабаргузории Росбалт, дар СММ изҳори умедворӣ кардаанд, ки Украина дархости Тоҷикистон оид ба истирдоди Абдуллоҷоновро қонеъ намекунад. Дар иттилоъ таъкид мегардад, ки мувофиқи қонунгузории байнулмилалӣ ва Украина, мақоми гуреза хусусияти байнулмилалӣ дорад.

«Яъне агар давлат шахсро ҳамчун гуреза эътироф намояд, пас кишварҳои дигар низ бояд ба ин эътирофи мақом эҳтиром гузошта, ҳимояи боэътимодро таъмин созанд», - омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, дар намояндагӣ зикр карданд, ки ин ҳимоя бояд огаҳии зӯран баргардонидан ба ватанро, ки дар он ҷо ба таъқиб гирифтор шудани ӯ муайян карда шудааст, дар бар гирад.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии ҶТ ҷиҳати ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдани собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ дархост ирсол намуд.