Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷиҳати ошкор намудани қотили навраси 15-солаи тоҷик Муқимҷон Абдуғаниев аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунанд.

Дар ин бора зимни вохӯрӣ бо кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва хадамоти консулгарии сафоратхонаи ҶТ дар Русия сардори шуъбаи тафтишоти байниноҳиявии Коптеви шаҳри Маскав Михаил Суворов хабар додааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон аз Маскав сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов иттилоъ дод, дар шӯъбаи зикршуда аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тамоми ҳолатҳои содир шудани ҷиноят ва шахсияти ҷинояткор мавриди таҳқиқ ва ҷараёни тафтишоти қазияи мазкур бевосита таҳти назорати мақомоти раҳбарӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки шоми 27-уми феврал толибилми синфи 9-уми мактаби №843-и шаҳри Маскав Муқимҷон Абдуғаниев дар назди истгоҳи метро ба қатл расонида шуд.

Дар идома И.Аҳмадов зикр кард, ки зимни суҳбат падари наврас, сокини ноҳияи Ҳисор Саид Бобомуродов ба корманди намояндагӣ изҳор намудааст, ки ҳодиса аснои аз тамрин баргаштани писараш бо ду нафар дӯстонаш рух дода, дар истгоҳ миёни ӯ ва як шахси ношинос муноқиша сар задааст.

Ба гуфтаи модари наврас Гулшода Холмирзоева, Муқимҷон писари боадабу гапдаро ва дар мактаб хуб таҳсил мекардааст.

Дар ба ватан фиристодани ҷасади наврас намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия мусоидат хоҳад намуд.