Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар соҳибкори шаҳри Норак ба гумони ғайриқонунӣ роҳандозӣ намудани фаъолияти марбут ба нигоҳдории қиморхона (казино) ҷиҳати баррасии минбаъда ба суд фиристода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов хабар дод, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки соҳибкор И.Сафаров бо роҳи ғайриқонунӣ ва бидуни ҳеҷ гуна иҷозатнома дар яке аз биноҳои бозори марказии шаҳр 19 адад автоматҳои бозӣ гузошта, аз онҳо даромади ғайриқонунӣ ба даст меовардааст.

Ба қавли ӯ, соҳибкори дигар А.Маҷидов низ бидуни иҷозатнома дар яке аз толорҳои ин бозор ба ин монанд автоматҳои бозиро насб кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар робита ба ин амалҳо прокуратураи шаҳри Норак нисбати ду соҳибкори зикршуда мутобиқи моддаи 240-и КҶ ҶТ (Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, он ҷиҳати баррасии минбаъда ба суди шаҳри Норак ирсол шудааст.