Имрӯз дар Суди олии Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ нисбати Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев оғоз мегардад, ки ба иштирок дар рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ ва содир намудани дигар ҷиноятҳо муттаҳам карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд, мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат хоҳад гирифт, зеро ба парвандаи ҷиноии мазкур мӯҳри «махфӣ» гузошта шудааст. Мурофи таҳти раёсати судя Нуриддин Расулов доир мегардад.

Ба гуфтаи Зебо Қосимова, адвокати раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, зерҳимояи ӯ дар нигоҳдории ғайриқонунии аслиҳа, созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша, ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва истифода зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият гунаҳкор карда мешавад.

Судшавандаи дигар – Димон Ашӯровро адвокат Шуҳрат Қудратов ҳимоят карда, ӯ дар қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, , созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифода зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият ва фирор аз таҳти ҳабс қарор доштан айбдор мегардад.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, тафтишот бар ин назар аст, ки ҳарду айбдоршавандагон ба муқовимати мусаллаҳона алайҳи нерӯҳои ҳукумати ҳангоми рӯйдодҳои тобистони соли гузашта дар шаҳри Хоруғ даст доранд. Парвандаи ҷиноии мазкур аз 8 ҷилд иборат аст.