Оиша Мирзоева, хоҳари собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ғаффор Мирзоев, ба фиристодани тӯшаи озуқа ба бародари худ ҳуқуқи қонунӣ дорад. Тибқи реҷаи махсус ин ҳуқуқро ӯ 6-уми апрел истифода бурда метавонад.

Ба қавли муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Ҷумъахон Футуров, маҳкумшудгон ба ҳабси абад ба гирифтани ду тӯшаи озуқа ва як дидори кӯтоҳмуддат (то 4 соат) дар як сол ҳуқуқ доранд.

«Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта О.Мирзоева ба муассиса омада, дар даромадгоҳ бо сардори муассиса И.Шарифов вохӯрд ва сардор ба ӯ гуфт, ки агар мувофиқи реҷа вақт расида бошад, ӯ бемалол метавонад ба бародараш тӯша фиристад», - гуфт Футуров ва илова намуд, ки он вақт тӯшаи ӯ қабул нашуд, зеро тибқи қонун, ин муҳлат рӯзи 6-уми апрел фаро мерасад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Оиша Мирзоева ба ВАО шикоят кард, ки муддати чанд рӯз аст, ки ӯ ба дидори бародараш расида наметавонад ва ҳангоме ки ӯ бо ин масъала ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Иззатулло Шарифов муроҷиат намудааст, ӯ ба сараш доду фарёд бардошта, супориш додааст, ки дигар ӯро ба инҷо роҳ надиҳанд.