Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре ба ОИ адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, тамоми далелҳои ба суд пешниҳодгардида мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуд.
Аммо наздикони Ҳ.Икромзода бо мазмуни ҳалнома қатъиян розӣ нестанд, зеро дар он зикр мегардад, ки ҳарчанд Исмоилов Ҳамзаро бидуни таҳияи аснод дар ҳуҷраи ҷаримавӣ баставу дар лату кӯби ӯ даст дошта бошад ҳам, бо ин ҳама сабаби марги маҳбус худашро ба дор овехтан арзёбӣ мешавад.
Маҳмуд Исмоилов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста шуд. Нисбати се нафар ҳамкорони ӯ – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ахири ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ барои Маҳмуд Исмоилов корманди тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе ва гумонбар ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода ҳукми 8 соли зиндонро талаб карда буд.
Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.
Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.
Ҳамчунин натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода аз натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд набуданд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста