Фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов, ки дар маҷрӯҳ кардани сарбоз Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста шуд, 9 солро дар зиндони низомаш шадид паси сар мекунад.
Ҳукм дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе қироат шуд. Ғайр аз ин, маҳкумшуда ба пардохти 8 ҳазор сомонӣ ба манфиати давлат низ уҳдадор карда шуд.
Фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова, ки тибқи моддаҳои 392 (Муносибати хунукназарона ба хизмат) ва 380 (Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуд, ба пардохти 15%-и маблағи музди меҳнаташ дар зарфи 1,5 сол ба фоидаи давлат уҳдадор гардид.
Дар мурофиаи судии қаблӣ хизматчии ҳарбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмон Ғайратов пурра ба гуноҳаш иқрор шуда , барои кирдори содиркардааш аз падару модари Шаҳбол узр пурсид.
Дар сухани ниҳоии худ Усмон ғайратов изҳор намуд, ки худро аз рӯи тамоми айбномахои пешниҳодшуда гунаҳкор мешуморад. «Умедворам, ки Шаҳбол табобат ёфта, аз беморхона рухсатӣ мешавад. Аз суд дархост мекунам, ки зимни содир кардани ҳукм ҷавонии ман ва такягоҳи падару модарам будани маро ба инобат гиранд. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш мекунам, ки дар доираи қонун ҳукми начандон вазнин содир карда шавад», - гуфт судшаванда.
Рӯзи 16-уми июн муовини прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе Дилшод Исломов, ки ба ҳайси айбдоркунанда дар суд оид ба парвандаи лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев ифои вазифа мекунад, аз суд дархост намуд, ки айбдоршаванда – фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда, ҳамчунин аз ӯ ба фоидаи даъвогар дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб (12 ҳазор сомонӣ) товони зарар ҷуброн карда шавад.
Усмон Ғайратов дар содир намудани ҷингят мутобиқи моддаҳои 373, қ. 2, б. «п» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 127, қ. 1 (Дар хатар монондан)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Ярлин Ҷавлон, ҳамхизмати Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 9-уми июн зимни баёнот додан дар суд ба сифати шоҳид далели лату кӯби сарбоз аз ҷониби фелдшер Усмон Ғайратовро тасдиқ кард. Дар ҷараёни ин мурофиа Ғайратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуда изҳор кард, ки «ман Шаҳболро лату кӯб накардаам, танҳо ӯро ба гӯштигирӣ даъват намудам».




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста