Аввали ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳодисамоҳ Обидоваи 26-сола, сокини шаҳри Турсунзода, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши ноболиғ, дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, Ҳодисамоҳ Обидова дар моҳи майи соли 2012 дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе кӯдаки ҷинсаш занро таваллуд карда, баъдан ӯро ба шиносаш Холиқова Сафаргул Қодировна соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри  Ваҳдат, ба маблағи 200-доллари амрикоӣ ва 150-сомонӣ фурӯхтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.