Тайи як соли ахир дар Тоҷикистон теъдоди истеъмолгарони мухаддарот афзудааст, вале ҳамзамон коҳиши нисбии истифодаи қаламрави кишвар аз сӯйи қочоқбарон барои интиқоли мухаддарот ба мамолики дигар мушоҳида шудааст.

Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, шумораи нашъамандон дар Тоҷикистон дар соли гузашта 1,4 дарсад ё худ 103 нафар афзудааст. Тибқи омори ин ниҳод, дар кишвар 7 ҳазору 279 гирифтори нашъамандӣ ба сар мебаранд, ки 198 нафар аз онҳо зан мебошанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2013 шумораи нашъамандон 7 ҳазору 176 нафарро ташкил медод.

Раҳоӣ аз марг


Ҷамила бори дуввум аст, ки аз нашъамандӣ табобат мегирад. Аммо то кунун аз ин беморӣ шифо наёфтааст. Зеро баъд аз муддате табобат боз бо рафиқони собиқаш дӯстӣ карду дардаш дубора авҷ гирифт. Акнун ӯ боз ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ муроҷиат кардааст. Ин дафъа Ҷамила умед дорад, ки аз истеъмоли мухаддарот ба пуррагӣ даст мекашад. Вай мегӯяд: "Дигар ба маводи нашъадор вобаста нестам. Ман акнун мисли дигарон кор карда, зиндагиамро пеш мебарам".

Афроде, ки монанди Ҷамила аз дарди нашъамандӣ азият мекашанд, дар Тоҷикистон кам нестанд. Агар қисме ба ин дарди ҷонкоҳ одат карда бошанд, вобастагӣ ба маводи мухаддир гурӯҳи дигарро ба марг дучор кардааст. Аммо Ҷамила ҳанӯз умед ба табобат дорад. Зеро ӯ медонад, ки хоҳиши муолиҷа ва иродаи қавии бемор муҳимтарин омили шифоёбӣ аз ин дард аст.

Ҷамила афзуд: "Даст кашидан аз ин кор на ба ҳама муяссар мешавад. Бисёре аз дӯстони ман аз ин беморӣ оқибат ба ҳалокат расиданд. Ин маризӣ одамро аз ҳама ҷудо мекунад ва бемор барои он, ки маводи мухаддирро ба даст орад, аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мекунад". Ҳоло Ҷамила хушнуд аст, ки бо кӯмаки табибон аз ин роҳи марговар раҳо меёбад.

Бекорӣ - омили нашъамандӣ

Тибқи арзёбии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ, барои як давраи табобати бемории нашъамандӣ аз 1300 то 1400 сомонӣ зарур аст. Аммо аксари маризони нашъамандӣ имкони пардохти ин маблағро надоштаанд. Айни замон дар Тоҷикистон пардохти харҷи табобати нашъамандон ва таъмини онҳо бо дорувории сахттаъсиру гаронарзиш асосан бо кӯмаки созмонҳои байнулмилалӣ сурат мепазирад.


Маҳмадраҳим Малахов , сарвари Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ дар табобати нашъамандон соҳибтаҷриба аст. Ӯ набудани назорати иҷтимоӣ ва бекории фарогирро ду омили аслии афзоиши теъдоди нашъамандон медонад: "Вақте наврасону ҷавонон рӯзҳои дароз ба ихтиёри худ вогузоранд ва бекоранд, ба ин рафтори номатлуб даст мезананд. Аз ҷониби волидон, хешу табор, мактаб ва ҷомеа бояд насли наврас зери назорат бошад ва ба ҳаёти онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир шавад".

Коршиносон мегӯянд, нашъамандӣ ба сатҳи баланди нашъаҷаллобӣ дар кишвар рабт дорад. Гурӯҳҳои муайян, ки машғули интиқоли маводи мухаддир ба хориҷ аз кишваранд, тиҷорати онро дар дохил низ ривоҷ додаанд. Ин гурӯҳҳои нашъаҷаллоб ба афзоиши теъдоди муштариёни худ дар кишвар манфиатдоранд. Ҳамин тавр дастрасии осон ба маводи мухаддир сабаби гирифтории ҷавонон мешавад.


Сатҳи баланди вобастагӣ ба мухаддарот ҳам бештар дар шаҳрҳои бузург ба назар мерасад, зеро тиҷорати ин маводи марговар дар миёни сокинони шаҳр ривоҷ ёфта, дастрасӣ ба он бамаротиб осонтар будааст. Омор нишон медиҳад, ки пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯйи теъдоди нашъамандон дар ҷойи аввал қарор дорад.

Тақвияти мубориза ва тағйири роҳи қочоқ

Омори нашъамандон дар Тоҷикистон дар ҳоле рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки масъулон аз тақвият ёфтани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва коҳиши нисбии интиқоли маводи мухаддири афғонӣ тавассути кишвар хабар медиҳанд.


Тоҷикистон бо 1344 километр марзи давлатии худ бо Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбад, дар гузашта роҳи аслии қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба хориҷ дониста мешуд. Аммо мақомоти зидахли кишвар мегӯянд, ҳамакнун роҳи интиқоли мухаддароти афғонӣ тағйир ёфтааст. Дар пайи шиддат гирифтани мубориза алайҳи қочоқбарон дар Тоҷикистон, нашъаҷаллобон роҳҳои нави интиқоли онро пайдо кардаанд. Акнун Тоҷикистон роҳи аслии хуруҷи мухаддароти афғонӣ ба хориҷ набуда, хатсайри ҷинояткорон тағйир ёфтааст.


Юрий Чикалов , сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мегӯяд, имрӯзҳо се хатсайри асосии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои минтақа вуҷуд дорад. Вай афзуд: "Хатсайри аввал Балкан ном гирифта, аз ҳудуди Эрон, Покистон, Туркия ва кишварҳои нимҷазираи Балкан убур мекунад ва ба бозори Аврупои шарқӣ ва ғарбӣ роҳ меёбад. Роҳи дигар хатсайри ҷанубӣ мебошад, ки тавассути он маводи мухаддир ба Покистон ва сипас ба дигар кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ ва Чин мерасад. Ва ниҳоят хатсайри шимолӣ, ки аз тариқи он маводи мухаддир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас ба Федератсияи Русия ворид мешавад".

Ба иттилои ин масъули Агентии назорати маводи нашъаовар, тайи чанд соли ахир мусодираи мухаддарот дар хатсайри сеюм, яъне тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфта, нишондоди қочоқ ва мусодира дар хатсайрҳои якум ва дуюм баръакс афзудааст. Ҳамзамон аз кашфи роҳи нави интиқоли маводи мухаддир тавассути Баҳри Сиёҳ хабар дода мешавад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин далели худдории бархе аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб аз истифодаи роҳи Осиёи Марказӣ буда, ба тақвияти чораҳои мубориза бо ин раванд дар Тоҷикистон низ марбут аст.

Пешсафии Русия дар нашъаҷаллобӣ

Дар давоми даҳ моҳи соли 2014 аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии кишвар беш аз 5 тонна маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст. Баррасии парвандаи қисме аз қочоқгарон то кунун идома дорад, аммо аксари онҳо равонаи зиндон шуда, маводи мусодирашудаи марбут ба ҷинояткорон маҳв гардидааст. Агарчи Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ тӯлонитарин марзро бо Афғонистон дорад, аммо омор нишон медиҳад, ки сатҳи нашъаҷаллобӣ дар кишвари мо дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя камтар аст.


Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, дар Тоҷикистон нашъаҷаллобон аз сад ҳазор 10 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол дар Туркманистон аз сад ҳазор нафар - 12 нафар, дар Ӯзбекистону Қазоқистон аз сад ҳазор нафар - 17 нафар нашъаҷаллоб будааст. Сатҳи баландтарини нашъаҷаллобӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди нашъаҷаллобон дар ин кишвар аз сад ҳазор - 27 нафарро ташкил медиҳад. Омори нашъаҷаллобӣ дар Федератсияи Русия бештар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст. Дар Русия аз сад ҳазор - 135 нафар нашъаҷаллоб мебошад.

Ҳамакнун Тоҷикистон дар мубориза барои коҳиш додани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон танҳо нест. Ниҳодҳои байнулмилалӣ чораҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро дар баробари Афғонистон дар Тоҷикистон низ ҷоннок кардаанд. Зеро нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ду раванди ба ҳам вобаста буда, таъсири манфии он на ба як ё ду кишвар, балки ба кулли ҷомеаи ҷаҳон марбут аст.