Дар шаҳри Қӯрғонтеппа кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар таъмиргоҳи нақлиёт мошинаи тамғаи “БМВ”-ро, ки ба сокини ноҳияи Бохтар таалуқ дошт, аз назар гузарониданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар дохили автомашина зери дастаи ивазкунии суръат як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг ошкор гардида, мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон муайян намуданд, маводи мусодирашуда афюн мебошад.
Гуфта мешавад, соҳиби автомашина нишон дод, ки афюнро аз сокини дигари ноҳияи Бохтар харидорӣ намудааст. Айни ҳол барои муайян ва дастгир намудани фурӯшандаи афюн чорабиниҳои оперативӣ андешида шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста