Парванда нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби ин комиссия, ки барои ба хизмати ҳарбӣ коршоям шумурдани наваскари гурдаҳояш дардманд Эмомиддин Холов айбдор карда мешаванд, ба суд фиристода шудааст. Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд.
Адвокати ҷабрдида Дилбар Самадова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда бо айбдорӣ мутобиқи моддаи «Хунукназарӣ»-ро суди гарнизони ҳарбии Душанбе баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи адвокат, ҳамчунин нисбати боз ду корманди дигари комиссариати ҳарбӣ мутобиқи моддаи «Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Пас аз анҷоми мурофиа мо ният дорем, ки оид ба ҷуброни зиёни маънавӣ даъво пешниҳод кунем, зеро зеро нисбати зерҳимояи ман дар як ҳафта се маротиба амалиёти гемодиализ сурат гирифта, маблағи як чунин амалиёт 450 сомониро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.
Қаблан «Азия-Плюс» хабар дода буд , ки Эмомиддин Холови 21-сола моҳи феврали соли 2015 аз водии Рашт ба Душанбе омадаааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки худро бад ҳис карда, ба Душанбе барои муоина омадааст. Барои рӯзгузаронӣ ва табобат Холов дар бозор ба равғанфурӯшӣ машғул будааст ва моҳи апрел ба «облава» афтидааст: ӯро аз кӯча боздошта, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурдаанд.
Эмоиддин Холовро бо гурдаҳои бемор ба хизмат коршоям дониста, ба қисми ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ мефиристанд. Баъди ду ҳафта ӯро ӯро дар қисми тиббӣ хобонида, сипас ба госпитали ҳарбии маҳаллаи Калинин ва баъдан ба беморхонаи Қарияи Боло мефиристанд. Ахиран моҳи сентябр ба бемористони шаҳраки тиббии пойтахт бурда, барояш билети ҳарбиро бо муҳри корношоям будан ба хизмат ба дасташ медиҳанд.
Имрӯз Эмомиддинро танҳо ивази гурда наҷот дода метавонад. Ӯ ба хубӣ мефаҳмад, ки ҳар рӯзе барояш охирин буда метавонад. Бародари 17-солаи хурдии Эмомиддин ба донор шудан омода аст ва тибқи нишондодҳои тиббӣ гӯё ҳамааш мувофиқ аст. Аммо ҳамааш ба маблағ вобаста аст, ки 10 ҳазор доллари ИМА буда, барои оилаи оддии деҳот маблағи хеле бузург аст. Барои ҷарроҳиро бепул гузаронидан ҳеҷ шароиту имконе мавҷуд нест.
Касоне, ки дар ин кори хайр ба Эмомиддин Холов дасти ёрӣ дароз карданианд, метавонанд бо телефонҳои зерин занг зананд: (+992) 93 873 12 18, 987 12 24 38.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста