Чор шаҳрванди Тоҷикистон ба рабудан ва гаравгонгирии ду нафар ҳамдиёрони худ дар вилояти Маскав гумонбар дониста мешаванд. Аз хешону пайвандони рабудашудагон онҳо 1 млн. рубл барои раҳоии ҳар кадоме талаб кардаанд.
Бино ба маълумоти сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, 28 май дар шаҳри Апрелевкаи ноҳияи Наро-Фоминск гумонбаршудагон дар назди яке аз хонаҳо ду тан аз ҳамватанони худро лату кӯб карда, бо автомашина ба самти номаълум мебаранд ва барои раҳоии онҳо 2 млн. рубл талаб мекунанд.
Онҳо ҳамдиёрони худро дар ноҳияи Митиши то 3 июн ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, зимни амалиёти махсус кормандони дастаи зудамали «Булат» гаравгононро озод ва гумонбаршудагонро боздошт мекунад.
Шаҳрванди Тоҷикистон бо хабари рабуда шудани бародар ва шиносаш дар ноҳияи Наро-Фоминск ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст.
Дар сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав дар ин робита иттилоъ дода мешавад , ки ба мақомоти пулиси вилоят муяссар шудааст, ки дар давоми як шабонарӯз шахсияти гумонаршудагонро муайян ва онҳоро боздошт намояд. Боздоштшудагон сокинони синни аз 22 то 31-солаи Осиёи Марказӣ будаанд, ки ғайриқонунӣ ду нафарро ба асорат гирифта, барои раҳоии онҳо дар ҳаҷми 1 млн. рубл маблағи пулӣ тамаъ кардаанд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста