Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар куштори бераҳмонаи ҳамсарони пиронсолу рӯзгордида - Раҳмонбой Пирназарови 94-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 84-сола набераи 24-солаи онҳоро боздошт намуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба оилаи Пирназаровҳо хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, волидони боздоштшуда - писари кушташудагон ва модараш ҳангоми дусола будани ӯ аз ҳам ҷудо мешаванд, вале бобову бибӣ ӯро аёдат намуда, набераашон ҳам бисёр вақт меҳмони онҳо мешудааст.
Тақрибан се сол пеш гумонбаршуда барои дуздӣ маҳкум шуда, аввали моҳи июн ба озодӣ мебарояд ва аз бобову модаркалони худ талаб мекунад, ки барои пардохти маблағҳои дар зиндон қарздоршудааш, ки дар маҷмӯъ 24 ҳазор сомониро ташкил медодаанд, ба ӯ кумак намоянд, вале чун огаҳ мешавад, ки онҳо умуман ин миқдор маблағ надоранд, бо даҳҳо зарбаи корд онҳоро ба қатл мерасонад.
Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи пурсарусадои куштори ҳамсарони пиронсолу рӯзгордида - хусур ва хушдомани Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии “Шашмақом” Фурқат Саидов шаби 4 сентябр рух дода буд. Ҷасадҳои онҳо дар манзилашон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт дарёфт гардида буд.
Дарҳол ба гумони даст доштан дар ин ҷинояти мудҳиш як нафар сокини пойтахт боздошт шуда, вале он замон Вазорати корҳои дохилӣ аз ному насаби боздоштшуда маълумот надода буд.



