Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Баҳодур Раҳимовро ба гумони даст доштан дар бедарак шудани шаҳрванди 34-солаи Русия Александр Ерисов мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Оренбург, Ерисов муддати тӯлонӣ ба фурӯши сабзавоту мева дар бозори шаҳр машғул буда, рӯзи бедаракшавиаш назди як майдони сохтмон манзил бо шиносаш вохӯрдааст.
Гуфта мешавад, тибқи маълумоте, ки мақомоти тафтишот дар даст доранд, метавон ба хулосае расид, ки нисбати Ерисов эҳтимоли содир шудани ҷиноят ҷой дорад ва мақомоти тафтишот дар ин робита мутобиқи моддаи 105, қ. 1-и Кодекси ҷиноии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
«Ҳамзамон дар робита ба эҳтимоли даст доштани бедаракшавии Ерисов мақомоти тафтишот дар пайи муайян кардани макони будубоши шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон Раҳимов Баҳодур Ҳасанович мебошанд. Дар маҳалли охирини зисташ Раҳимов ҳузур надорад ва то ҳол макони будубоши ӯ маълум нест», - омадааст дар хабар.



