Адвокати тоҷик Файзинисо Воҳидова чунин мешуморад, ки бо назардошти вазъи кунунӣ дар кишвари ҳамсоя, маҳбусони дар Тоҷикистон озодшударо, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, дар ватанашон боз як муҳлати ҷазо интизор аст.
«Ман бар ин назарам, ки ҳокимияти имрӯза дар кишвари ҳамсоя ба ҳама чиз қодир аст. Боз гап сари он аст, ки чун маҳбусон дар Тоҷикистон адои ҷазо кардаанд, ба онҳо аз ҷониби хадамоти амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳоро ба додани ягон маълумот ба ҳукумати Тоҷикистон муттаҳам созанд», - изҳор дошт адвокат ба «Азия-Плюс».
Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ду зиндонии ӯзбек, ки муҳлати адои ҷазояшон дар Тоҷикистон ба поён расидааст, аз мақомоти кишвар хостаанд, онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ватанашон нафиристанд. Ин ду шаҳрванди Ӯзбекистон иддао кардаанд, ки мақомоти тоҷик ҳашт сол қабл онҳоро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карда буданд ва дар сурати фиристода шудан ба Узбакистон шиканҷа ва ҷазои дубора интизор аст.



