Дар суди вилояти Хатлон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвнадаи куштори хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Алексей Буенкови 40-сола, ки тобистони соли равон бар асари муноқиша дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр кушта шуда буд, оғоз гардид.
Дар содир намудани ин ҷиноят сокини 24-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Аҳлиддин Машрабов гумонбар дониста шуда, ӯ мутобиқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ) айбдор карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 30 ба 31 июл зимни ҷанҷолу занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ сержанти калони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар ин шаҳр кушта шуда буд.



