Дар иҷлосияи 85-уми Маҷмаи умумии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол), ки дар Индонезия ҷараён дорад, ҳайати нави кумитаи иҷроия ва шахсони воломақоми созмон интихоб шуданд.

Муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Хунвей президенти нави Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ интихоб шуд. Бори нахуст дар таърихи Созмон русиягӣ - сардори Дафтари миллии Интерпол дар Русия Александр Прокопчук ноиби президенти ин созмони бонуфуз интихоб шуд.

Қаблан аъзои Маҷмаи умумӣ қарори ба узвияти Созмон пазируфтани Фаластин, Косово ва Ҷазираҳои Соломоноворо ба таъхир гузоштанд.

Маҷмаи умумии Созмон ҳамасола гирдиҳам омада, он мақомоти олии маъмурии Интерпол мебошад. Президенти интихобшуда ба сифати раиси Маҷмаи умумӣ фаъолият мекунад. Айни замон Интерпол 190 кишвари ҷаҳонро муттаҳид сохта, дар ҳар кадоме аз ин кишварҳо дафтари миллии марказии Созмон амал мекунад. Забонҳои кории Интерпол англисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябр Интерпол дар бораи ҷустуҷӯи раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ маълумот интишор намуд. Дар он қайд мешавад, ки Муҳиддин Кабирии 51-сола аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон «барои терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қаллобӣ» мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, тариқи Интерпол дар маҷмӯъ беш аз 230 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, ки 160 нафарашон ба содир кардани ҷиноятҳои ниҳоят вазнин гумонбар дониста мешаванд.