Чор бародарон аз ноҳияи Рӯдакӣ афкору андешаҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ»-ро фаъолона таблиғ мекарданд. Ду нафари онҳо боздошт ва маҳкум шуданд.
«Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бародарон, сокинони деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ Хушвахт Ҳалимови 26-сола (падари 1 фарзанд) ва Сайдулло Ҳалимови 42-сола (падари 5 фарзанд)-ро барои таблиғи фаъолонаи афкори Давлати исломӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои ин гурӯҳ мутаносибан ба 17 ва 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард», - хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ.
Бино ба маълумоти манбаъ, маҳкумшудагон ҳамчунин ба маблағгузории сафари чанде аз шаҳрвандон ба Сурия низ гунаҳкор дониста шудаанд.
Ду бародари дигари маҳкумшудагон - Нурулло Ҳалимови 41-сола ва Муродалӣ Ҳалимови 35-сола ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои монанд ба ҷиноятҳои бародаронашон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд.



