Суди вилояти Суғд ду нафар мард, сокинони шаҳри Истаравшанро ба иттиҳоми қатли ҳамсаронашон ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон кард.

Сокини 47-солаи деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан Бахтиёр Худойбердиев дар куштори ҳамсари 26-солаи худ, ки ба ӯ бо корд 17 маротиба зарба задааст, гунаҳкор дониста шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, ин ҳодиса рӯзи 22 сентябри соли равон дар манзили хоҳари мард дар заминаи рашк рух дода, Худойбердиев ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудааст. Аз зани ҳалокшуда як фарзанд мондааст.

Ҳодисаи дигар дар заминаи муноқиша миёни зану мард ба вуқӯъ пайваста, аз истеъмоли машрубот мард дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст. Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки сокини 50-солаи шаҳри Истаравшан Абдусамад Абдувоситов ҳамсари худро пеши чашми се кӯдаки ноболиғ шоми рӯзи 11 июл куштааст. Ӯ ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудааст.