Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта фасодзадатарин ниҳоди давлатии Тоҷикистан Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дониста шудааст.
Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусия изҳор шуд, ки соли 2017 кормандони Вазорати зиркшуда дар 70 ҳолат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд, ки аз ҷониби Агентӣ ошкор шудааст.
Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки кормандони Агантӣ соли гузашта дар Вазорати тандурустӣ - 60, ВКД - 57, КДАМ - 26 ва дар бахши бонкӣ - 390 ҷиноятҳои коррупсиониро ошкор кардаанд.
Муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода таъкид дошт, ки дар соҳаи маорифу илм далелҳое ба монанди ба омӯзгорон додани пора ба қайд гирифта нашудааст.
«Ба маълумоти омории мо танҳо 70 далеле, ки аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф дар самти изофанависӣ дар корҳои сохтмон, додани ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ дар бораи маълумот ва тақаллубкориҳо дар ҳуҷҷатҳо содир шудааст, дохил шуд», - зикр кард муовини аввали роҳбари Агентӣ.
Чаро худи муборизон бо коррупсия дар рӯйхат нестанд?
Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхат ҷиноятҳои коррупсионии аз ҷониби намояндагони худи Агентӣ содиршуда, ки соли гузашта аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ошкор шуданд, дохил нестанд.
Ҳарчанд, ба ақидаи аксарияти кулли коршиносон, боздошти беш аз 10 нафар намояндагони Агентии зиддифасод моҳи апрели соли гузашта аз ҷониби кормандони КДАМ пурсарусадотарин рӯйдод дар соли гузашта буд.
Суди олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта баъди содир шудани ҳукм аз шарҳу тавзеҳи ин масъала бо ишораи махфӣ будани он худдорӣ намуд ва изҳор дошт, ки ин парванда ҳамин тавр пӯшида боқӣ хоҳад монд.
«Тафсилоти парвандаи 10 нафар собиқ муборизон бо коррупсия ва 3 нафар собиқ кормандони Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои давлатии марбут ба ин қазияро мо шарҳ намедиҳем. Гуфта наметавонем, ки киҳо бо кадом гуноҳ мутобиқи кадом модда маҳкум шуданд», - гуфта буд он замон ба «Азия-Плюс» намояндаи Суди олӣ.
Бино ба маълуомти Суди олӣ, «парвандаи коррупсионерҳо» қатъ шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои он ВАО доир ба содир шудани ҳукм нисбати 9 нафар маълумоти нопурра дарёфт карданд. Доир ба чӣ гуна ҳукм содир шудан нисбати ҳадди ақал боз 4 нафари марбут ба ин парванда то ҳол ба ВАО чизе маълум нест.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста