Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе Шаҳриёр Давлатов, сарояндаи ҷавони тоҷикро барои нашри “пранк”, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд, боздошт ва ҳабс намуданд.
Бино ба иттилоаи РВКД дар шаҳри Душанбе, ин сарояндаи ҷавон наворро дар ютуб-шабакаи шахсии худ нашр намудааст, ки мавриди вокуниши манфии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Ва корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбат ба чунин блогерон чораҷғӣ шавад.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки навори мазкур қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулки шабака, яъне Шаҳриёри Давлат гӯё ба хотири санҷиш ва мушоҳидаи вокуниши ӯ омода гаштааст. Дар навор дида мешавад, ки ҷавонони ҳамкор ва ё шогирдони Шаҳриёр чархҳои автомашинаи ӯро кушода, ба истилоҳ ӯро «пранк» намуда, мехоҳанд вокуниш ва ҷавоби Шаҳриёрро дар чунин ҳолат мавриди санҷиш қарор диҳанд.
“Дар натиҷа Шаҳриёр Давлатов чуноне дар навор дида мешавад бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, ҳамзамон дидаву дониста ин наворро, ки дорои саҳнаи хушунат ва алфози қабеҳ мебошад дар шабакаи худ нашр намудааст”, - омадааст дар хабар.
Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳамаи он нафароне, ки дар омода ва паҳн намудани навори мазкур даст доранд муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста