Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 18 нафарро барои пайравӣ аз ҳаракати “Салафия” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) аз 1 то 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намудааст.
Дар ин бора яке аз вакилони дифои маҳкумшудагон ба “Азия плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, мурофиаи маҳкумшудагон рӯзи 1 июли соли равон таҳти баррасии судя Фирӯза Ғайбуллозода дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.
Ба иттилои вакили дифоъ, Муҳсин Холматов, ташкилотчии гурӯҳ, 5 солу 6 моҳ ва 13 нафари дигар 5 солӣ ҳукм гирифтанд. Ҳамаи онҳо бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуданд.
Дар ин байн Абдукамол Аҳадов, маъюби гурӯҳи якум низ ҳаст.
“Чор нафари дигар, ки бо моддаи 347 айбдор мешуданд, 1-солӣ аз озодӣ марҳум гардиданд”, - гуфт ин вакили дифоъ.
Аммо вакили дифоъ мегӯяд, бо гузашти тақрибан як моҳ то ба ҳол онҳо нусхаи ҳалномаро дастрас накардаанд.
“Тибқи қонун ҳалномаи суд бояд дар давоми 5 шабонарӯз ба наздикон ва ҳимоятгарони судшаванда дода шавад. Вале то ба ҳол мо нусхаро дастрас накардем. Сабабашро ҳам шарҳ надоданд”, - изҳори нигаронӣ кард вакили дифоъ.
Ӯ гуфт, нисбати айби эълоннамудаи суд розӣ нестанд ва баъди дастрас кардани нусхаи ҳалнома ба зинаҳои болоии суд шикоят хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурӯҳи 18-нафараи сокинони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба иттиҳоми ширкат дар гурӯҳи ҷиноятӣ боздошт карданд. Ҳамин тариқ, додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парвандаи онҳоро бо дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракати “Салафия” оғоз намуда буд.
Чанде пеш волидону наздикони онҳо бо дархотси кӯмак ба Дастгоҳи президенти кишвар ва Додситони кул муроҷиат карда, гуфта буданд, ки наздиконашон гуноҳ надоранд ва баъд аз боздошт таҳти шиканҷа ба ҷурми пешниҳодшуда иқрор шудаанд ва ҳатто намедонанд, ки ин чӣ созмон аст.
Замони боздошт чанд вакили дифои гумонбарон зимни суҳбат бо “Азия плюс” гуфта буданд, зерҳимояҳояшон бегуноҳанд ва ҳеҷ далели тасдиқкунандаеро, ки онҳо пайрави кадом як созмони ғайриқонунии динӣ бошад, тафтишот маълум накардааст.
“Зерҳимояи ман ва дигаронро ба он гунаҳкор мекунанд, ки дар арафаи идҳои мусулмонӣ ош ташкил намуда, ба хонаи яке аз дигар боздоштшудаҳо, ки маъюб аст, аёдат рафтаанд ва дар онҷо баъди хурдани ош байнашон суҳбатҳои динӣ шудааст. Гӯё дар ҳамин суҳбатҳо дар бораи равияи “Салафия” сухан мерафт ва онҳо баҳс мекарданд”, -гуфта буд яке аз вакилони дифоъ.
Ӯ гуфта буд, ҳамаи гумонбарон, аз ҷумла зерҳимояи ӯ, чунин иттиҳомро рад мекунанд ва онҳо дар нишастҳо дар бораи кор ва ҳолу ҳавои зиндагии ҳаррӯзаи худ суҳбат кардаанд ва танҳо беморро айёдат мекарданду мерафтанд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста