Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Давлатови 26-соларо, ки 23 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба вуқуъ пайвастааст, мавриди пайгирию назорат қарор дод.
Тавре ки дар саҳифаи намояндагии дипломатӣ дар Facebook иттилоъ дода мешавад, сафорат ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намуд.
Гуфта мешавад, ҳодисаи нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия то ниҳояти ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ҷасади таксирони тоҷик бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт шуд. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар доданд.
Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту дар қаламрави фурудгоҳ буд, дарёфт шуд.
Дар кадрҳои камераҳои навори видеоӣ сабт шудааст, ки то куштор дар автомашина чор нафар қарор доштаанд. Тибқи маълуомти пешакӣ, таксирон се нафар мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст. Дар мошин байни онҳо муноқиша сар зада, ба куштор меанҷомад. Дар дохили мошин корд пайдо шудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.
Тоҷикистонии кушташуда як моҳ пеш бо мақсади дарёфти кор барои таъмини рӯзгораш ба Русия омада буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста