Прокурори гарнизони ҳарбии Бохтар Наврӯз Тоҳирзода дар робита ба пешниҳоди Вазорати дифои кишвар доир ба таъини ҷазо барои нашру паҳни иттилоъи бардурӯғ дар бораи артиш ва маъракаи даъват, аз ҷумла сабти “облава“ изҳори норозигӣ кард.
Ӯ имрӯз, 14 июл дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки бо пешниҳоди вазорат шинос нест, вале дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расонидани хабари бардурӯғ моддаи махсус пешбинӣ шудааст.
“Аммо ҳарҷое ки қонуншиканӣ мешавад, бояд сабт ва баррасӣ шавад. Агар вобаста ба ҳолати иҳотагирӣ сабте дошта бошед, пешниҳод кунед, баррасӣ мекунем. Вале ба фикри ман, пешбинӣ кардани ҷазо барои сабти иҳотагарӣ лозим нест. Мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем ва бояд барои сабти қонуншиканӣ ва пешниҳоди он ҷавобгарӣ пешбинӣ нашавад”, - гуфт прокурори ҳарбӣ.
Ҳамчунин, Тоҳирзода иттилоъ дод, ки дар соли равон вобаста ба даъвати баҳорӣ 6 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш шуда, ба суд ирсол гардидааст, ки суд нисбати ҳамаи ин ҳолатҳо ҳукм содир шудааст.
“Ба таври мисол, дар давраи даъвати баҳории соли 2022 прокуратураи гарнизони ҳарбии Бохтар нисбати корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён барои иҳотагирӣ (облава) бо моддаи 391 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки тафтишоти пешакӣ идома дорад”, - мисол овард Тоҳирзода.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати дифоъи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои нашри маълумоту сабти навори бардурӯғу беасос дар мавриди артиш ва аз ҷараёни даъват, аз ҷумла сабти ҳолати сарбозшикор ё “облава” ҷазо таъин карда шавад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста