Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи дигари тоҷик барои итоат накардан ба талаботи корманди пулис гумонбар мешаванд.
Шариф Қурбонзода, як масъули Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 15 июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, рӯзи 13 июл бар зидди Завқибек бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ӯ гуфт, ки зимни санҷиш алоқаи Завқибек Саидаминӣ ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) муайян гардид.
- Рӯзи 13 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати тафтишотии ВКД нисбати Завқибек бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ шуруъ шудааст. Дар мавриди айби ниҳоӣ тафтишоти минбаъда муайян хоҳад кард, - илова кард Қурбонзода.
Номбурда дар робита ба боздошти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфт, ӯ, 9 июл аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат барои итоат накардан ба талаботи корманди пулис дастгир шудааст.
- Айни замон дар онҷо (шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат, дар назар аст, -муаллиф) қарор дорад. Нисбаташ маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, ҳоло нисбаташ қарор ниҳоӣ қабул карда нашудааст. То 19 июл бо қарори суд, ки ҳукми қонунӣ пайдо кардааст, дар боздошт мемонад, - гуфт Шариф Қурбонзода.
“Далери Имомалӣ барои напардохтани беш аз 96 ҳазор сомонӣ маблағи андоз гумонбар аст”
Масъулуни Додситони кул ҳамчунин, гуфтанд, ки Далери Имомалӣ барои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ ва барои напардохтании 96 ҳазору 460 сомонӣ маблағи андоз гумонбар мешавад.
- Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур барои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ парванда оғоз карда шудааст. Аз ин сабаб, тафтишот айни ҳол идома дорад, - гуфтанд аз Додситонии кул.
Дар гузашта, Далери Имомалӣ ба ғайр аз соҳибкории ғайриқонунӣ, инчунин, ба дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ ва иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнуъ гунаҳгор дониста мешуд. Вале дар нишасаи хабарии имрӯзаи Додситони кул дар бораи ин ду модда чизе гуфта нашуд. Маълум нест, ки ӯ то ба ҳол бо ин моддаҳо гумонбар ҳаст ё ҳазв шудааст.
Таърихчаи боздошти журналистон
Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд.
Шоми 8 июл Завқибек Саидаминӣ ва рӯзи 9 июл Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт шуданд. То ин дам дар бораи боздошт ва макони нигаҳдории онҳо иттилое набуд. Наздиконашон нигаронӣ мекарданд.
Наздикони Абдусаттор гуфта буданд, ки аз ӯ хостаанд, дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нанависад, танҳо дар мавзуъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ нависад.
Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, кормандони пешини радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон, солҳои охир асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ назару андешаҳои худро баён медоштанд. Махсусан, пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҳо аз ангуштнамо рӯзноманигороне буданд, ки ба ҳимоят аз онҳо садо баланд карданд.
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик рӯзи 15 июн аз сӯи додситони ноҳияи Шоҳмансур боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ аз ҷониби додситони ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.
Далери Имомалӣ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ Ғурбатӣ иттиҳомро пурра рад мекунад ва худро бегуноҳ медонад.
Маълум нест, ки Завқибек ва Абдусаттор нисбати айбе, ки алайҳашон акнун эълон шуд, чӣ мавқеъ доранд.
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста