Суди шаҳри Тамбов як зани 54-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия, қисми 1 (пешниҳоди пора ба шахси мансабдор) гунаҳкор донист.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти прокуратураи ноҳияи Советскийи Тамбов, ин зан моҳи июли соли ҷорӣ боздошт шудааст.

“Зан ба порадиҳӣ айбдор дониста шуд. Ӯ ба корманди шуъбаи муҳоҷират лифофаеро бо 10 ҳазор рубл ва куртаи арзишаш 1 805 рубл, инчунин хатча бо дархости кумак барои гирфтани шаҳрвандии Русия медиҳад”, - омадааст дар хабари прокуратура.

Гуфта мешавад, дар бораи далели коррупсия як зани корманди шуъбаи муҳоҷират, ки лифофа ба ӯ дода шудааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.

Зикр мегардад, ки айбдоршаванда ба маблағи 20 ҳазор рубл ҷарима шуда, пул ва моли барои пора пешиҳодгардида мусодира ва ба фоидаи давлат гузаронида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.