Наздикони як зани 58-сола дар Душанбе, ки гуфта мешавад аз сӯи келини 22-солааш бо чанд зарби корд кушта шудааст, аз таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ норозианд ва даъво доранд, ки келини хонадон бо моддаи "одамкушӣ" ҳабс шавад.
Наздикони Зинатбибӣ Носирова, бо ирсоли як мактуб ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” низ расид, гуфтаанд, ки рӯзи 23 майи соли равон Зинатбибӣ Носирова дар хонаи худ бар асари муноқиша аз сӯи келини хонадон Фозила Салимоваи 22-сола бо 27 зарби корди хоҷагӣ кушта шудааст.
Фарзона Мусоева, духтари Зинатбибӣ Носирова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ шикоят карда, афзуд, дар аввал нисбати Фозила Салимова бо моддаи 104 қисми 1 (одамкушӣ) парванда боз шуд, вале дар охир муфаттишон ба хулосаи экспертизаи психологӣ такя намуда, парвандаро бо моддаи 106 қисми 1 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) бандубаст карданд, ки аз ин онҳо розӣ нестанд.
“Салимова Ф.Ҳ. модари маро бераҳмона, дар ҳолати хуб буда, бо мақсади куштор зада куштааст. Дар баёнотҳои аввалини Салимова Ф. гуфта шудааст, ки гӯё ӯ дар вақти содир намудани ҷинояти мазкур дар ҳолати сахти рӯҳӣ қарор доштааст, ки ин дурӯғи маҳз мебошад. Аз замони содир намудани ҷиноят ва то замони ҳозир Салимова ҳама ҳаракат ва кирдорҳои худро пурра ва дуруст дарк мекунад”, - гуфта мешавад дар мактубе, ки ба прокуратура ирсол шудааст.
Онҳо даъво доранд, ки муноқиша байни хушдоман ва келин бар асари баҳси хона сар задааст ва келини хонадон мехост, “ҳамроҳи шавҳару кӯдаконаш дар хонаи алоҳида зиндагӣ намояд”.
“Аммо марҳум модарам ба ин ҳолат зид набуд, фақат ҳамин, ки бародарам ба фаъолияти мусофиркашонӣ (таксӣ) машғул буд ва он қадар манбаи даромади хуб надошта, аз уҳдаи зиндагониаш намебаромад”, - навиштаанд наздикони Носирова.
Онҳо гуфтаанд, дар се соле, ки Фозила Салимова келини хонадон буд, бо марҳум Носирова муносибати бад надошт ва дар ин муддат ҳолати руҳиву равонии Салимова Ф. хуб буд, танҳо се-чор маротиба қаҳр карда ба хонаи падару модараш рафт, ки боз баргашт.
Аз Прокуратураи генералӣ Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки нисбати Фозила Салимова парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале бо кадом модда шарҳе надоданд.
Дар посухи катбие, ки аз додситонӣ ба “Азия-Плюс” ворид шуд, гуфта мешавад, ки “тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Салимова Ф. Ҳ. аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ ба анҷом расонида шуда, ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол шудааст”.
Аз шуъбаи парвандаҳои ҷиноятии Суди ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ карданд, ки чунин парванда бо моддаи 106 ба суд ворид шуда, дар ҳоли баррасӣ аст.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 24
Ҳабси 39 кас ва ҷалби 216 тани дигар ба корҳои ислоҳӣ. Дар Тоҷикистон беш аз 13,7 ҳазор нафар пули “алимент”-ро надодаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 феврали соли 2026
“Москалкова мегӯяд, онҳо чун шаҳрванди Русия ба ҷанг мераванд”. Омбудсмен ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украинаро шарҳ дод
Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд
Шикояти 15 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла Чину Эрону Русия ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон
“Рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро. Беш аз 27,7 ҳазор қарздор аз ҳаққи хуруҷ аз Тоҷикистон маҳрум будаанд
“Баъди бурди Грин-корт ба Амрико рафта буд”. Марги зани 36-солаи тоҷик дар Амрико
Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
РАСМАН: Имсол моҳи Рамазон 19-уми феврал оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста