Дирӯз, 3-юми ноябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори дар сари духтаре шикастани тухм нашр гардид, ки вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандонро ба бор овард ва онҳо аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ шудаанд.
Пас аз як рӯзи нашри навор, милитсияи пойтахт ин наворро таҳқиқ намуда, муайян кардааст, ки ҳодисаи мазкур 28-уми сентябри соли ҷорӣ рух дода, талабагони дар навор инъикосфта, хонандагони синфҳои 8-ум ва 10-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошанд.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, зимни пурсиш муайян гардидааст, ки номбурдагон барои гӯё «табрикот» ва «таҷлили зодрӯз» дар сарӯ рӯи соҳибҷашн тухм мешикананд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта, бо гузашти як моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати волидайни 4-нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол гаридааст.
Зардолуи Ашт ба Эрону Дубай ва Арабистони Саудӣ фурӯхта мешавад
“Ҷинояти ҷангӣ”. Авфи байнулмилал Толибонро ба муҷозоти оммавии сокинони Панҷшер гунаҳкор кард
Дар Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор тонна ҳосили сабзавоту полезиҳо ҷамъоварӣ шуд
Амири Қатар вориди Душанбе шуд
Об - яке аз омилҳои муноқишаи марзӣ. Чаро созишномаҳои басташуда мушкили тақсимоти обро ҳал намекунанд?
Дар Панҷакент боз як ёдгории таърихӣ кашф гардид
Имрӯз калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Ҳаракат дар роҳҳои пойтахт маҳдуд мегардад
Баъди қазияи латукӯби сарбозон, Додситонии кулл назорат бар меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро пурзӯр кард
Арзиши футболбозони Тоҷикистон 1,45 млн евро боло рафт
Душанбе. Дар куҷо метавон ройгон ва бехатар оббозӣ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста