Чанд корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроия дар бархе ноҳияҳоро барои зарари молиявӣ ба давлат аз мақомашон барканор кардаанд. Дар ин бора аз Палати ҳисоби Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ гуфт, онҳо дар асоси камбудию норасоиҳои молиявии ошкоршуда дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва бо тавсияи Палатаи ҳисоб аз вазифа озод шудаанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, барои камбудию норасоиҳои молиявӣ дар 9 моҳи соли равон 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 11 нафар, аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардиданд.
“Аз шумораи умумӣ, 2 нафари онҳо корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 2 нафари дигар кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, 3 нафар корманди кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” ва сохторҳои тобеи он, 1 нафар аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, 2 нафар аз ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав ва 1 нафар аз ҳукумати Шаҳринав буданд”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Аз Палатаи ҳисоб таъкид карданд, ки санҷиш ва муҷозоти мақомдорони давлатӣ бо мақсади пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ гузаронида шудааст.
Манбаъ афзуд, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулосаю мактубҳои иттилоотӣ бо 1367 тавсия ирсол шудааст.
Ин ниҳод афзудааст, ки дар доираи ваколати худ дар бораи натиҷаҳои чорабиниҳои аудиторӣ тавсияҳои судмандро барои бартарафсозии қоидавайронкуниҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста