Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, ки аввали моҳи ноябр 7 сол равонаи зиндон шуд, аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд.
Ӯ ин аризаро рӯзи 16-уми ноябри соли равон аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) навиштааст ва нусхаи он имрӯз, 24-уми ноябр, ба дасти “Азия- Плюс” расид.
Журналист гуфтааст, аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нисбаташ 7 соли зиндонро татбиқ кард, розӣ нест ва барои ин чанд асос низ овардааст.
Номбурда афзудааст, “тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд, додрас далелҳои пешниҳодкарда ва нишондоди бархе шоҳидонро ба назар нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт” ва инчунин, санаи боздошташ ба санае, ки дар ҳукми суд омадааст мутобиқат намекунад.
“Ва даҳҳо далелҳои дигар, ки дар рафти мурофиаи кассатсионӣ метавонам онҳоро тасдиқ кунам”, - навиштааст Завқибек Саидаминӣ.

Ин рӯзноманигори зиндонӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки “бо назардошти мавҷуд будани духӯрагиҳои зиёд дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ, омодаи ҳамкорӣ будани ман бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бозбинӣ ва бекор карда шавад".
Номбурда илова кардааст, ки тамоми далелҳои айбдоркунанда тахмин ва нусхаи навиштаи муфатиш буд.
Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябри соли равон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом ва "Гурӯҳи 24" гунаҳкор дониста шуд.
Пайвандони Завқибек Саидаминӣ, ки ҳангоми ироаи сухани охири рӯзноманигор ба толори мурофиа иҷозаи вуруд пайдо карданд, дар суҳбат ба “Asia-Plus” гуфта буданд, ки Завқибек Саидаминӣ ҳангоми суханронӣ гуфтааст "худро гунаҳкор намешуморад ва бо ҳеҷ ҳизбу ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт".
Онҳо афзуданд, ки Завқибек Саидаминӣ, аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ барои 7,5 соли зиндон норозигӣ кард ва эътироз намуд, ки ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ӯ ба назар гирифта нашуданд.
Ӯ гуфтааст, ки дар робита ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонон тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДИИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд.
Номбурда афзудааст, ки ҳарчанд барои ин барномаҳояш ӯ аз сӯи афроди нишинос таҳдид мешунид, вале корашро давом медод ва кӯшиш мекард, ки барои пешгирии ин падидаи номатлуб саҳмгузор бошад.
Ин рӯзноманигори зиндонӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста