Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 10 соли зиндони Далери Имомалӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 30-юми ноябр дар СИЗО пушти дарҳои баста ва бидуни ширкати наздикони Далери Имомалӣ баргузор шудааст.
Саъдулло Қаюмзода, вакили дифои Далери Имомалӣ, имрӯз, 3-юми декабр бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки додрас ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз 17-уми октябри соли равон нисбати зерҳимояашро бетағйир гузошт.
Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми октябри соли равон ба 10 соли зиндон ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор кард.
Худи Далери Имомалӣ дар номае аз дохили боздоштгоҳ, ки ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иросл шада, нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” расид, навишт, ки тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.
Гуфта мешавад, ки мурофиаи навбатӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд ва наздикону пайвандон, аз ҷумла падару модар ва ҳамсари Далери Имомалӣ натавонистанд, ки дар он ширкат кунанд.
Саъдулло Қаююмзода афзуд, азм доранд аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳамчунин, ба зинаи болоии додгоҳ – назоратӣ шикоят баранд.
Ёдовар мешавем, ки вакили дифоъ ва наздикони Далери Имомалӣ ҳудудан як моҳ пештар аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурда, хостори бознигарии ҳукми зинаи поёнии судӣ шуда буданд.
Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзуҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекард, рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд.
Ӯ ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 10 сол равонаи зиндон ва ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста ва бе ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигрон дар СИЗО баргузор шуд.
Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯ рӯзи 4-уми октябр бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 7,5 сол равонаи зиндон шуд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар мешавад, вале худаш дар суд ҳамкоришаро бо ин ҳизбу ҳаркатҳо қотеъона рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ба ғайр аз Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчунин, Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони дигари тоҷик низ моҳи июли имсол боздошт ва расо як моҳ пеш бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндон шуд.
Ӯ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.
Ҳоло баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик дар додгоҳ идома дорад.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста