Синои Рустамзод (Ниёзов), роҳбари як телевизиони мустақил дар шаҳри Панҷакент, ки ба "авбошӣ" гумонбар буд, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Панҷакент 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори додгоҳ озод гардидааст.
Худи Синои Рустамзод баъди озод шудан аз боздоштгоҳ дар суҳбати кутоҳ бо “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳ ӯро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста, 1 ҳазору 600 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 64 сомонӣ) ҷарима таъйин кард. Ҳукми суд имрӯз, 7-уми декабр, баромадааст.
Номбурда афзуд, ки дар рафти тафтишот ҷониби даъвогар аз даъвояш даст кашид ва ҳамин тариқ, додгоҳ Синои Рустамзодро бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Додситонии шаҳри Панҷакент бар асоси шикояти Беҳзод Муҳаммадӣ, узви пешини гуруҳи "Авангард" ва ҳоло корманди Идораи ҷавонони Панҷакент нисбати Синои Рустамзод ба иттиҳоми "авбошӣ" парванда кушодааст.
Гуфта мешуд, ки қазия ба занозании рӯзи 9-уми сентябри имсол вобаста аст. Гӯё дар ин ҳодиса Беҳзод Муҳаммадӣ осеб дида, таҳқир шудааст. Худи Синои Рустамзод гуфта буд, ки гуноҳ надорад.
Беҳзод Муҳаммадӣ 26-сола ва узви пешини гуруҳи "Авангард", як созмони вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ аст. Пайравони ин гуруҳ бештар ба ҷонибдорӣ аз ҳукумату мансабдорон ва ҳамлаҳои лафзӣ ба зидди мухолифон ва мунтаққидон шуҳрат доранд.
Бо ҷарима аз толори додгоҳ озод гардидани мудири як телевизиони мустақил дар ҳолест, ки давоми соли равон ҳадди ақал чаҳор рӯзноманигори тоҷик дастгир ва ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Қазияи онҳо сару садои зиёдеро ба миён овард ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?
Ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзигули 13-сола баъди 8 моҳи ғарқшавияш. Масъулин сабаби таъхири кофтуковро шарҳ доданд
Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?
Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”
“Ҳама иншооти сайёҳиро месанҷанд”. Нигаронии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кам будани шаркатҳои сайёҳӣ
Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад
Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?
Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фаросати Луқмон”
Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста