Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кормандони милитсия 8 кило маводи нашъаоваррро дарёфт ва мусодира намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони маҳаллӣ - Ғайрат Зоидови 36-сола ва Раҳмоналӣ Мавлонови 35-сола боздошт шудаанд.
“Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Ғайрат Зоидов зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари навъи “ҳашиш” ва аз дохили бағоҷи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-и Раҳмоналӣ Мавлонов 747 гр маводи психотропии навъи «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд”, - хабар медиҳад ВКД.
Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбарон пайваста ба хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул буда, бо ин роҳ манфиат ба даст меоваранд.
Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел бо моддаи 200, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва маводи психотропӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Дар ин модда то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста