Нодир Муродзода, сардори Раёсати Оҷонсии назорати давлатии маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо ҷурми қаллобӣ ва кушиши гирифтани пора дастгир шудааст.
Як манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ин хабарро тасдиқ карда, гуфт Нодир Муродзода якҷо бо чанд кормандаш ду ҳафта пеш дастгир шуда буд.
Ин манъбаъ аз ироаи иттилои бештар худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки амалиёти боздошт аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Қаблан, дар хусуси боздошти Нодир Муродзода Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд. Ин расона бо такя ба манобеи худ навишт, ки “полковник Муродзода дар тағйири парвандаи як кочоқбар ва гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 150 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор мешавад”.
То ҳол вобаста ба ҳолати мазкур назари Нодир Муродзода ва наздиконаш дастрас нест.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомоти тафтишотӣ манависад, ки “Нодир Муродзода дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ дар Хатлон як кочоқбарро боздошт мекунад ва тафтиши парвандаи онро бар душ мегирад, вале бар хилофи далелҳо талош мекунад, то ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо созад ё ҷурмашро камтар нишон диҳад”.
Ҳоло Нодир Муродзода дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки Нодир Мурозода қаблан Федератсия волейболи кишварро роҳбарӣ мекард ва дар вазифаҳои гуногуни ВКД низ фаъолият кардааст.




Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста