Маъруф Ғоибзода, ҷавони 19-сола аз ноҳияи Фархор, барои саркашӣ намудан аз хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Маъруф Ғоибзода дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор қарор дошта, аз муоинаи тиббӣ гузаштааст ва қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудааст. Ба ӯ 28-уми октябри соли 2021 аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор оид ба ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбӣ даъватнома ирсол гардидааст, аммо ӯ “даъватномаро қабул накарда, ба самти номаълум фирор намуда, қасдан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардааст”.
Додситонии кулли Тоҷикистон менависад, ки Додгоҳи ноҳияи Фархор нисбати Маъруф Ғоибзода бо моддаи 343-и қисми 1-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст. Додгоҳи ноҳияи Фархор ӯро ба мӯҳлати 1 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ ҷазо додааст, аммо “бо дастрасии моддаи 71 қисми 1-и КҶ ба мӯҳлати 1 сол мӯҳлати санҷишӣ таъйин карда шудааст”.
Ин бори нахуст нест, ки ҷавонони тоҷик барои саркашӣ кардан аз хидмати ҳарбӣ гунаҳкор дониста мешаванд. Қаблан даҳҳо ҷавон бо ин модда маҳкум шуда буданд.
Бояд гуфт, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.
Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Ҳаво дар моҳи декабр чӣ гуна хоҳад буд
Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард
Аҳамияти гуфтору муносибати хуби волидон бо фарзандон
Наҷоти Афғонистон: Ҷанг ё гуфтугӯ?
Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2024 беш 50 млн доллар муайян шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста