Музаффар Пулотов, корманди Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан ба гирифтани 33 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам мешавад. Дар ин бора Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, номбурда ба ҳайси мутахассиси шуъбаи барӯйхатгирии техникӣ дар Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан кор мекард.

“Музаффар Пулотов зимни фаъолияти кориаш барои мусоидат ба гирифтани шаҳодатномаи истифодабарии замин ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонии дороиҳо аз як шаҳрванд 33 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб гирифтааст”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбати Музаффар Пулотов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст.

Манбаъ менависад, ки баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар моддаи 247 қисми 3 банди “а” қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр, “ба миқдори калон” буда, бо ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ҷазо пешбинӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ дар чандсолаи охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Оҷонси зидди фасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар пахш менамояд.

Ёдовар мешавем, ки маъмурони Оҷонси зидди фасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.