Пулчинаки нақлиёти ҷамъиятӣ, ки як духтури Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро латукӯб кард, боздошт шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз шудааст. Духтури лабукӯбшуда пас аз чанд рӯз дар бемористон ҷон додааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Як корманди дастгоҳи ВКД, имрӯз, 31-уми май, ба “Азия-Плюс” ҳодисаи латукӯби Муҳаммадалӣ Акрамов, духтури Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро тасдиқ карда, гуфт, ҳодиса рӯзи 19-уми май дар маҳаллаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

“Дар пайи як муноқишаи лафзӣ, пулчинаки нақлиёти ҷамъиятӣ мусофир Муҳаммадалӣ Акрамовро бо олоти сахт ба сараш мезанад. Муҳаммадалӣ Акрамов беҳуш шуда, тайи як ҳафта, аз 19 то 27-уми май, дар Беморхонаи Шифобахш, маъруф ба Қарияи Боло, бистарӣ буд ва пас аз нисфирӯзии он рӯз ҷон бохт. Сабаби маргро духтурон зарбаи сахт ба косахонаи сар гуфтанд”, - иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Дар ВКД афзуданд, ба зидди ноболиғе, ки ба саломатии мусофир зарари вазнин расонидааст, ҳоло бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда кушода шуда, ӯ дар боздошт қарор дорад. Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

Ду манбаи ҷудогонаи мо ҳам аз Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ-1 субҳи имрӯз ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, “гумонбаршаванда ҳоло дар боздошт аст ва тафтишоти ин парванда идома дорад”.

Қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии ҶТ аз 5 то 8 сол, қисми 2-и он аз 8 то 12 сол ва қисми 3-и он аз 12 то 15 соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Ҳоло маълум нест, ки нисбати боздоштгардида бо кадом қисми моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз гардидааст.

Бояд гуфт, ки Муҳаммадалӣ Акрамов, духтури пуртаҷрибаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” буд ва 60 сол дошт.

Субҳи имрӯз ду ҳамкори Муҳаммадалӣ Акрамов аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ӯ рӯзи 19-уми май дар беморхона навбатдор буд, вале ба кор наомад. Баъдтар фаҳмидаанд, ки латукӯб шудааст.

“Фардои он рӯз, мо аз пайвандонаш пурсон шудем, ки Муҳаммадалӣ Акрамов чаро ба кор намеояд. Онҳо гуфтанд, дар кадом муноқиша осеби ҷиддии ҷисмонӣ бардоштааст ва дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ аст. Муҳаммадалӣ Акрамов дар қисмати сараш зарбаи сахт хӯрда ва косахонаи сараш шикаста буд”, - гуфтанд ҳамкоронаш.

Талошҳои мо барои гирифтани назари пайвандони Муҳаммадалӣ Акрамов бенатиҷа анҷомид. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ перомуни шахсият ва кори марҳум дӯстонаш лавҳаҳо менависанд.

Баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки Муҳаммадалӣ Акрамов бо пулчинаки нақлиёти ҷамъиятии хатсайри №28 баъди пуштибонӣ аз як мӯйсафед даъвои лафзӣ карда, дар ниҳоят латукӯб шудааст.

МКД “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоде, ки хатсайрҳои пойтахтро ба танзим медарорад, бо нашри як вокуниш гуфт, “дар шабакаҳои хатсайрҳои мусофирбарии шаҳри Душанбе хатсайри микроавтобусии №28 вуҷуд надорад ва дар ин масир, хатсайри автобусии №28 фаъолият менамояд”.

Ин ниҳоди масъул афзуд, “ронандагони воситаҳои нақлиёти микроавтобусие, ки дар ин масир фаъолияти мусофирбарӣ менамоянд, худсарона ва фаъолияти онҳо ғайрирасмӣ аст”.

Бояд гуфт, дар чанд муддати охир миёни мусофирону ронандагон ё пулчинакҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт зиёд муноқишаҳои лафзӣ сар мезанад ва пайомадҳои он ҳамвора расонаӣ мегардад.

Чанде пештар, Суннатуло Бобохонов, ронандаи троллейбус, ки бо мусофирзани имконияташ маҳдуд (нобино) дағалона рафтор карда буд, аз кор озод гардида, роҳбари ӯ низ танбеҳ гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.