Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар аз он нигаронӣ дорад, ки кормандони баъзе комиссариат ва мизҳои ҳарбӣ ҷавонони ба донишгоҳ шомилшударо барои адои хидмати ҳарбӣ маҷбур доранд.

Ӯ, ки 2-юми августи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, кормандони мизи ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони соли ҷорӣ ба донишгоҳ дохилшударо маҷбур доранд, ки аввал ба хидмати ҳарбӣ раванд.

“Намояндаи мизи ҳарбӣ омада ҷавонеро, ки ба донишгоҳи мо тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шудааст, маҷбур дорад, ки аввал рафта хидмати ҳарбӣ кунад, баъд дар донишгоҳ таҳсил намояд. Чунин шикоят ба мо аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ расид. Ман шикоятҳоро ба комиссари ҳарбии вилоят равон кардам”, - гуфт Сайфиддин Давлатзода.

Ректор аз он нигаронӣ кард, ки чунин шеваи кор, яъне муносибати мизҳои ҳарбӣ ва комисариатҳои шаҳру ноҳияҳо эътибори маорифу донишгоҳро коста мекунад.

Сайфиддин Давлатзода
Asia-Plus

Бояд гуфт, ки ин тарзи “даъват” ба хидмати ҳарбӣ яке аз шеваҳои нави ҷалби ҷавонон ба артиш аст. Ва ҳамчунин, ин аввалин маротиба аст, ки ректори яке аз донишгоҳҳои бузурги кишвар аз шеваи маҷбуркунӣ барои адои хидмати ҳарбӣ шикоят мекунад.

Бо шеваҳои ғайриқонунии то ин замон маълумгаштаи ҷалби ҷавонон ба артиш дар матлаби “Аз "гаравгонгирии волидайн" то “шикор” дар фурудгоҳ. 10 шеваи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш” метавонед шинос шавед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.