Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои баррасии вазъи муҳоҷирони кории тоҷик ва дастгир намудани Дилшод Саидмуродов, гумонбари асосӣ дар гаравгонгирӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” ба Русия рафтааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВКД Рамазон Раҳимзода дирӯз, 28-уми август, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Маскав рафт ва қарор аст бо ҳамтои руси худ Владимир Колоколсев мулоқот кунад.
Дилшод Саидмуродов маъруф бо лақаби “Дилшод Красавчик”, гуфта мешавад, гумонбари асосӣ дар рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” аст. Ӯ муддате дар ВКД, Додситонии кулл ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор кардааст ва ду рӯз баъд аз рабуда шудани бонкдори шинохта, тавассути толори СИП-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Маскав рафтааст.

Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки ӯ баъди фирор дар Маскав ба ширкати ЧВК “Вагнер” паноҳ бурдааст. Вале ин иддаоро Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ рад кард ва гуфт дар куҷое набошад ӯро боздошт карда, ба Тоҷикистон меоранд.
Ба иттилои ВКД, вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия масъалаҳои ҳамкории ду вазорат оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, проблемаю мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
“Инчунин масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Д. вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад”, - хабар додааст ВКД.
Масъалаи “фишор” болои муҳоҷирон баррасӣ мешавад
Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз, 29-уми август сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки дирӯз, 28-уми август Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё мулоқот кард.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот кормандони сафорат, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, инчунин намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат иштирок намуданд.
“Дар рафти мулоқот доир ба масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Русия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт”,- навиштааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ҳамчунин, “аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват ба амал оварда шуд”.
Сафари Рамазон Раҳимзода ба Русия замоне сурат мегирад, ки давоми се моҳи охир фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик давом дорад ва мақомоти Русия бо ҳар баҳонае онҳоро аз кӯчаву бозор, масҷид ва ҷои корашон боздошт карда, бо шеваҳои номатлуб гоҳо латукӯб ҳам мекунанд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин амалиёти нақшавии Русия аст ва на танҳо нисбати муҳоҷирони тоҷик, балки муҳоҷирони дигар давлатҳо низ анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин, онҳо бо чунин амал як навъ фишор овардан болои Тоҷикистонро рад карданд ва гуфтанд, дар тамоми сатҳҳо аз Русия талаб мекунанд, ки зимни гузаронидани рейдҳо ҳуқуқу манфиатҳои заминавии муҳоҷирони тоҷик риоя карда шавад.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста