Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон 14-уми сентябр аз мусодираи беш аз 15 кг маводи мухаддир дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ва боздошти қочоқбарон, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод.

Зикр мегардад, ки парвандаҳо ба ҳамдигар иртибот надоранд.

Як шаҳрванди тоҷик ва ду шарики ӯ, сокинони ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах ҳангоми фурӯши беш аз 9,5 кило афюн ба маблағи 55 ҳазор доллар боздошт шуданд.

Дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах боз се шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Аз онҳо қариб 3 кг ҳашиш мусодира шудааст. Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ боздошт шудааст, ки дар як муассисаи хӯрокворӣ дар шаҳри Даштобод онҳоро интизор будааст.

Илова бар ин, дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, милитсия ва гумруки вилояти Қашқадарё дар назди посгоҳи БДА-и ноҳияи “Ширинбулоқ”-и ноҳияи Муборак як мошини тамғаи “Матиз” боздошт ва аз мусофири он 973 грамм “героин” дарёфт ва мусодира карда шудааст. Зимни бозпурсии ӯ маълум шудааст, ки дар ноҳияи Когони вилояти Бухоро қариб 2 кг ҳероин пинҳон карда шудааст ва он низ мусодира шудааст.

Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатӣ, айни замон нисбати айбдоршавандагон чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардида, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 7-уми сентябр кормандони гумруки Ӯзбекистон дар гузаргоҳи Сариосиё дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон аз як мошини холӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 70 кило маводи мухаддир - 31,9 кг ҳероин ва 37,3 кг ҳашиш дарёфт карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.