Раҳматулло Наврӯзов, муттаҳам дар ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, ки аз ӯ мақомоти Эрон чун шаҳрванди Тоҷикистон ёдовар мешаванд, ба ҳукми қатл маҳкум шудааст.
Дар ин бора хабаргузории “Мизон”, марбут ба Додгоҳи Эрон хабар медиҳад.
Ин расона аз қавли Козим Мусавӣ, масъули Додситонии вилояти Форс навиштааст, ки Раҳматулло Наврӯзов бо лақаби “Мустафо Исломёр” ба ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз гунаҳкор ва “ба ду бор эъдом маҳкум гардид”.
Ин нафар гуфтааст, муттаҳам “ба узвият ва ҳамкорӣ бо гуруҳи ДОИШ иқрор шудааст”.
Ҳамчунин, ба навиштаи ин расона, чанд нафари дигар дар робита ба ин ҳодиса ба панҷ соли ҳабс маҳкум шуданд. Онҳо шахсоне будаанд, ки ба қавли Козим Мусавӣ “аз нияти омили аслии ҳамла хабар надоштанд”.
Мақомоти Тоҷикистон ва пайвандони муттаҳам то ҳол дар ин бора шарҳе надодаанд.

Ҳафтаи гузашта хабаргузории “Меҳр” навишт, ки дар мурофиаи аввал худи Раҳматулло Наврӯзов бозпурсӣ шудааст ва ӯ гуфтааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ДИИШ пайвастааст. Вай аз Туркия ба таври ғайриқонунӣ вориди Эрон шуда, сипас ба Покистон ва аз онҷо ба Афғонистон рафтааст. Дар ин кишвар дар як урдугоҳи ҷангҷӯён тамрини низомӣ кардааст.
“Пас аз хатми тамриноти низомӣ ӯро ба Эрон фиристоданд ва муддате дар хонае дар паҳлӯи масҷиди Шоҳчароғ зиндагӣ кардааст. Мубаллиғони ДОИШ ба ӯ дастур додаанд, ки масҷидро оташ зада, намозгузоронро парронанд. Ӯ бо бензин ба масҷид омадааст, вале пеш аз оташ задани қолинҳо боздошт шудааст”, - навиштааст хабаргузории “Меҳр”.
Он замон расонаҳои эронӣ навишта буданд, ки ҳамлагар пас аз он ки 11 тир холӣ кард, боздошт шудааст. Дар натиҷа ду нафар кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба навиштаи ин расонаи эронӣ, Наврӯзов гуфтааст, ки “ман гумон надоштам, ки маро дастгир мекунанд, гумон доштам, ки маро мекушанд. Ман теъдоди одамонеро, ки ба ҳадаф гирифта будам, ҳисоб накардам, ниятам то анҷоми тирдон идома додани амалиёт буд...”.
Бояд гуфт, ки ДИИШ масъулияти ҳамла дар Шерозро бар ӯҳда гирифт ва онро интиқом барои эъдоми ду ҷангҷӯи худ, ки барои ҳамлаи қаблӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғ дар 26-уми октябри соли 2022 ба эъдом маҳкум шуда буданд, номид. Дар ҳамлаи аввал 13 нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд. Ду нафаре, ки дар ин ҳамла даст доштанд, як моҳ пеш эъдом шуда буданд.
Баъдан хабар расид, ки фарде, ки оташ кушодааст, зодаи Тоҷикистон Комрони Субҳон бо лақаби “Абу Оиша” будааст. Ӯ 23-сола буд. Пас аз чанд рӯзи боздошт Комрони Субҳон бар асари захмҳои бардоштааш дар бемористони Шероз даргузашт.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста