Гуруҳи корие, ки аз намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор таъсис ёфта, ҳамарӯза истифодаи дурусти нерӯи барқ дар Душанберо месанҷад, чанд сокини пойтахтро барои бе ҳисобкунак ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ ҷарима кардааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки давоми чанд рӯзи фаъолияти ин гуруҳи корӣ чандин ҳолати ғайриқонунии истифодаи барқ ошкор шудааст.
Аз ҷумла, ба иттилои ин ниҳод, дар чанд рӯз чандин нафар барои бе ҳисобкунак истифода кардани нерӯи барқ ҷарима карда шудааст.
Дар робита ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода намуда, бо саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи он ва пешгирии ҳолатҳои берун аз ҳисобкунак истифодабарии нерӯи барқ дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар саҳми худро гузоранд.
Бояд гуфт, ки талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилҳои умдаи бахши энергетика дониста мешавад. Ин мушкил аз ҷониби раиси ҷумҳури кишвар низ интиқод шуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 декабри соли 2022 дар паёми ахири худ гуфта буд, ки кишвар панҷяки нерӯи тавлидшударо аз даст медиҳад ва талафоти фаннии нерӯи барқ ба вазъи молии ширкату корхонаҳои ин бахш таъсири манфӣ мерасонад.
Тибқи маълумоти корхонаҳои энергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафот (ҳангоми тавлид, интиқол ва тақсими он) дар нимсолаи аввали соли 2023 каме бештар аз 2 миллиарду 415 миллион киловатт-соатро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 10 миллиарду 653,3 миллион кВт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 341,2 миллион кВт/соат бештар аст.



Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста