Ҳамасола 2-юми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии хотима додан ба беҷазоӣ нисбати ҷиноятҳое, ки алайҳи рӯзноманигорон содир шудааст, таҷлил мешавад. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳ ба авҷи хушунат ва амалҳои саркӯбгарона алайҳи хабарнигорон аст. Дар робита ба ин рӯз, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, аз ҳаводиси латукӯби рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, ки солҳои охир кам набуда, тақрибан дар ҳама ҳолатҳо гунаҳкорон ва фармоишгарон беҷазо мондаанд, ёдоварӣ кунад.

Яке аз пурсарусадотарин ҳодисаи латукӯби журналистон, ки то ҳол фармоишгар ва афроди гунаҳкор дарёфт нашудаанд, бо номи Раҷаби Мирзо, сармуҳарири вақти ҳафтаномаи “Рӯзи нав” (ҳоло фаъолият надорад) рабт дорад. Ӯро 19 сол пеш, 29-уми июли соли 2004, дар наздикии хонааш дар Душанбе латукӯб карданд. Раҷаби Мирзо пеш аз ин ҳам мавриди таъқиб ва латукӯб дар шаҳри Хуҷанд (маркази вилояти Суғд) қарор гирифта буд, вале бо чанд далел онро расонаӣ накард. Худи Раҷаби Мирзо ҳодисаи дуввумро ҳамчун сӯиқасд ба ҷонаш эълом карда буд.

Дертар, баъди чанд соли “таваққуф”, рӯзи 5-уми октябри соли 2007 муҳаррири онвақтаи нашрияи “Тоҷикистон” Маҳмадалии Мақсадулло мавриди латукӯби ашхоси ношинос қарор гирифт. Омилони ин ҳодиса ҳам то ҳол дарёфт ва муҷозот нашудаанд.

Қазияи дигар, латукӯби Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” аз ҷониби тақрибан 7 нафар буд, ки моҳи августи соли 2011 дар Душанбе рух дод. Ҳарчанд ӯ ба мақомот муроҷиат карду чанд созмонҳои журналистӣ аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкорон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, вале то ҳол ин чиз сурат нагирифтааст.

7-уми майи соли 2012 Далер Шарифов, хабарнигори вақти телевизиони “Сафина” дар шаҳри Душанбе аз сӯи афроди ношинос мавриди латукӯби шадид қарор гирифт. Ҳарчанд мақомот гуфтанд, яке аз ҳамлаваронро дар соатҳои аввал боздошт кардаанд, вале баъдан ӯ озод ва ҳамлагарони асосӣ то ҳол номаълум ва беҷазо мондаанд.

Соли 2013 котиби матбуотии Кумитаи гумрук, журналист Абдураҳими Умариён ва моҳи сентябри соли 2016 Доро Сӯҳробӣ, рӯзноманигор-таҷрибаомӯзи нашрияи “Фараж” мавриди латукӯб қарор гирифтанд ва дар ҳарду ҳолат ҳам ҳамлагарон беҷазо монданд.

580 сомонӣ ҷарима барои латукӯби журналист

Шоми 11-уми майи ҳамон соли 2020 Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори вақти “Азия-Плюс”, ки ҳоло дар зиндон аст, дар назди хонааш аз ҷониби шахсони номаълуми ниқобпӯш латукӯб шуд.

ВКД Тоҷикистон рӯзи 15-уми май аз рӯйи далели латукӯби хабарнигор бо моддаи авбошӣ парванда боз кард, вале то ба ҳол гунаҳкорон дарёфт ва муҷозот нашудаанд.

Баъдтар, субҳи 29-уми майи соли 2020, вақте Абдуллоҳ Ғурбатӣ мехост дар бораи оилаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон гузориш омода кунад, аз ҷониби шахсони ношинос бори дигар мавриди латукӯб қарор гирифт.

Он замон мақомот Ғурбатиро ба он айбдор карданд, ки бар хилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо ворид шудааст.

Рӯзи 2-юми июни соли 2020 суди ноҳияи Хуросон се ҳамлагар ба Абдуллоҳ Ғурбатиро ба майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадоми онҳоро ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда он замон 58 сомонӣ буд) ҷарима кард.

Ҳамин тариқ, рӯзи 4-уми марти соли 2021 хабарнигорони Радиои Озодӣ – Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева дар маҳаллаи 33 шаҳри Душанбе низ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳадафи ҳамлаи кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро Ойл” қарор гирифтанд. Ҳарчанд онҳо чандин маротиба  ба мақомот муроҷиат карданд, вале омилони ҳамла то ҳол муайян ва дастгир нашудаанд.

Ҳодисаи охири ҳамла ба рӯзноманигорон низ ба кормандони Радиои Озодӣ ва тарҳи ин бахш- "Настояшее Время" рабт дорад. Дар моҳи майи соли гузашта, дар Душанбе шахсони номаълум ба хабарнигорони Радиои Озодӣ - Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ ва хабарнигорони  "Настояшее Время"  Анушервон Орипов ва Насим Исамов ҳамла кардаанд.

Ба ин рӯзноманигорон ҳам дар ҷараёни таҳияи гузориш, яъне иҷрои вазифаҳои худ ҳамла сурат гирифт. Он замон, рӯзноманигорон гуфтанд, ки муҳоҷимон қисме аз таҷҳизот ва телефонҳои дастии онҳоро бо худ бурдаанд.

Ҳарчанд онҳо чандин маротиба ба мақомот муроҷиат карданд, вале то ҳол омилони ҳамла дастгир ва муҷозот нашудаанд.

Тавре дида мешавад, дар аксари ҳолат ҳамлагарони ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон беҷазо мемонанд ва ҳамин тариқ, боздошту муҷозот намешаванд. Танҳо дар як ё ду ҳолат бархеҳо бо ҷаримаи кам аз ҷавобгарӣ халос мешаванду тамом. Ин чиз нигаронии ҷомеаи журналистии Тоҷикистонро ба бор овардааст ва ҳамин тариқ, боиси тарки кишвар кардани даҳҳо рӯзноманигор шудааст. Онҳое, ки дар ватан мондаву ба фаъолияти журналистӣ машғул ҳастанд, ба таври қобили таваҷҷуҳ худсонсур мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.